(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд чойхонаи “Қӯшҳавз” бо иштироки Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Раиси вилояти Фарғона, раисони чор шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла баъди азнавсозӣ ба истифода дода шуд.

Муовини аввали Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккули тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад. Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ҳастии таърихӣ, ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем. Яъне таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд. Дар пешорӯи давлати тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо пурмасъулияту бузург, пеш аз ҳама, ҳифзи марзу бум, ягонагиву иттиҳоди миллӣ, барқарор намудани иқтисодиёти харобгашта, бунёди пояҳои давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ, ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстонаву судманд бо кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ, густариши фарҳанги миллии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир қарор гирифта буданд.

Таъкид шуд, ки эҳёву гиромидошти расму оини аҷдодӣ ва иҷрои амалҳои бунёдкорона баҳри ободии як гӯшаи диёр ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави мамлакат роҳандозӣ гардида, бахшида ин иди муқадаси миллӣ беш аз 26 000 иншооти таъиноташ гуногун ба истифода дода шуданд. Бунёди чунин марказҳои истироҳату фароғат, бахусус чойхонаҳо ва таъмини шароитҳои муосир нишонаи баланди фарҳанги маҳалладорӣ ва омили муҳими тарбияи насли оянда дар роҳи ватанпарварию хештаншиносӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд