(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар КВДК “Хуҷандобуканал” бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Директори корхона Носир Ғафурзода доир ба арзишҳои Истиқлолият, раванди рушди босуботи кишвар, Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар муқаддасоти миллӣ суханронии пурмуҳтаво намуд.

Таъкид шуд, ки нигаҳдорию эҳтироми истиқлолияти давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Истиқлолият ва Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста дониста, ба хотири дар амал тадбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги аср муаррифӣ намоем.

Зикр гардид, ки ба бахти миллати мо фарзанди барӯманди тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни сиёсат қадами устувор гузоштанд ва нахустин паёме, ки ба мардум ироа гардид ин ҳарфҳои деринтизор буд: «Ман ба шумо сулҳ меорам». Ин паём калиди кушоиши ҳама уқдаҳои сарбаста ва мушкилоти ҷомеаи мо буд ва дар навбати худ маромномаи фаъолияти ҳамонвақтаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ифода намуда, аз азми қавӣ ва ҷасорати фавқулода доштани роҳбари ҷавони давлати тоҷикон шаҳодат медод. Рисолати таърихии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давра ин буд, ки миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид. Имзо шудани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият аст, ки баъдан дар тамоми арсаҳо барои татбиқу роҳандозии барномаҳои азим заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид ва дар ҷараёни ҳалли масъалаи сулҳу оромӣ дар минтақаҳои даргири ҷаҳон истифода шуда истодааст».

Хусусан, дар ин давра, ба хотири таъмини ваҳдати миллӣ заминаҳои хеле устувор гузошта шуданд. Дар ин замина баргардонидани ҳудуди як миллион гуреза ба Ватан, аз чанги гуруснагӣ раҳонидани мардум, барқарор кардани офатҳои ҷанги шаҳвандӣ, бунёди манзилгоҳҳои харобгашта, роҳҳо, иншооти маъмурӣ ва таъиноти маишӣ, мактабҳо, беморхонаҳо аз ҷумлаи умдатарин вазифаҳои давлат буданд, ки бо муваффақона анҷом дода шуданд. Ҳамгироӣ, якдилӣ, ҳамраъйӣ ва муттаҳиду аҳлона зистан усулан баёнгари сиёсати сулҳхоҳона ва сулҳпарваронаи Роҳбари давлат мебошад.

Сипас, ба як қатор фаъолон Сипосномаҳо тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд