(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Рӯзи дониш ба манзили собиқадорони соҳаи маориф, аз ҷумла Рафоат Раҳимова ва Мухтор Комилов рафта, онҳоро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли собиқадорони соҳаи маориф пурсон шуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.

Таъкид гардид, ки соҳаи маориф натанҳо яке аз соҳаҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, балки он пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар вилоят низ сол аз сол ба соҳаи мактабу маориф диққати хоса дода мешавад. Маҳз дастгирии омӯзгорону хонандагон аст, ки панҷ сол инҷониб теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, хонандагон, мураббияву омӯзгорони пешқадаму навовари мо дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ мақомҳои арзандаро ишғол менамоянд. Бахусус, иштироки фаъоли хонандагону донишҷӯёни вилоят дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” шоистаи таҳсин буда, аз дараҷаи баланди омодагӣ ва касбияти хонандагону устодон гувоҳӣ медиҳад. Алҳол пешорӯи мо вазифаи хеле пурмасъул‐фароҳам овардани шароити хуби таҳсил, ҳарчӣ бештар фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, тарбияи ҷавонони бо донишҳои замон мусаллаҳ ва худшиносу худогоҳ истодааст.

Рафоат Раҳимова 82 сола ва Мухтор Комилов, ки 40 соли умри ибратбахши худро ба рушди соҳаи маориф бахшидаанд, аз ин таваҷҷуҳу эҳтиромгузорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд