(2 овоз, миёна 3.00 аз 5)

alt

Ҳар сол чун анъана тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 10 август чун Рӯзи варзишгарон ботантана дар кишварамон таҷлил карда мешавад.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ мемонад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо варзишгарон бори дигар аз он шаҳодат дод, ки инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидани ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.

Таваҷҷуҳи бештари Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ба тарбияи ҷисмонию варзиш буд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Барномаҳои дурамали маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонию варзиш ва рушди футбол таҳия гардида, мавриди иҷро қарор дорад. Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 200 иншоотҳои варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд, ки дар соли 2013, 12 адад ва дар нимсолаи аввали соли 2014, 7 адад майдончаҳои варзишию бозии кӯдакона байни биноҳои истиқоматии баландошёна бунёд гардиданд.
Аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш 33 мусобиқаҳои шаҳрӣ тибқи нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ ва солимгардонии шаҳр барои соли 2014 ташкил ва гузаронида шуданд.
Ҳамчунин варзишгарони шаҳри Хуҷанд дар 28 мусобиқаҳои вилоятӣ, 21 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва ба 13 мусобиқаҳои байналмиллалӣ иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки солҳои охир чорабиниҳои оммавӣ - варзишӣ дар қаламрави шаҳр зиёд гаштаанд ва мардуми касбу кори гуногун дар онҳо фаъолона иштирок менамоянд. Ин буд, ки соли ҷорӣ мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд аз рӯи намудҳои шоҳмот, вазнбардорӣ ва мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҷалби васеи шаҳрвандон ва варзишгарони касбӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Варзишгарони шаҳр дар бозиҳои варзишии вилоят аз рӯи намудҳои бокс, гӯштини юнонӣ-румӣ, тэквандо, гӯштини самбо, варзиши сабук, гӯштини дзюдо ва гӯштини тарзи озод, волейбол, баскетбол иштирок намуда дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд байни шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори ҷойи I гардид.
Қайд кардан бамаврид аст, ки сол аз сол барои беҳтар намудани базаи моддиву техникии мактабҳои варзишии шаҳр аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд диққати махсус дода шуда истодааст. Соли сипаригашта ба варзишгарони намудҳои гӯштини самбо, дзюдо, юнону румӣ, тарзи озод, каратэ-до зиёда аз 200 адад либосҳои махсуси варзишӣ ба маблағи зиёда аз 40 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Ҳамчунин ба мактаби махсуси варзишии бачагон ва наврасон оид ба намудҳои гӯштин барои харидории як ҷиҳоз қолин барои гӯштин (татами) тибқи қарори Раиси шаҳр 18500 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.
Барои ҳавасмандии футболбозони дастаи захиравии клуби футболи Хуҷанд тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд 50000 сомонӣ барои пардохти идрорпулӣ ҷудо карда шуд.
Дастовардҳои варзишгарони шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ назаррас мебошанд.
Бо чунин ниятҳои нек ба ҳар яки Шумо саодати рӯзгор, музаффариятҳои нав ба нав дар арсаи варзиш ва сазовор гардидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно дорам.
Рӯзи варзишгарон муборак!