(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дирўз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо намояндагони ҷомеа: муаллимони мактабу донишгоҳҳо, хатмкунандагон, донишҷӯён ва волидони онҳо тавассути видеоконфронс мулоқот кард ва дар он масъалаҳои инкишофи маълумоти умумӣ муҳокима карда шуданд.

Боиси ифтихор ва сарфароист, ки хамткунандаи мактаби хусусии “Амид” Абдуллохӯҷа Бобоев, ки соли ҷорӣ ба риштаи тиббии Донишгоҳи Дўстии халқҳои Федерастсияи Русия дохил шудаааст, бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин изҳори миннатдорӣ намуда, сабаби донишҷў шуданашаро натиҷаи заҳмати омўзгораш Вячеслав Николаевич, ки тибқи барномаи давлатӣ ба шаҳри Хуҷанд омада, забони русиро омўзонидааст, донист.

Раисҷумҳури Русия дар суҳбат бо донишҷӯи тоҷик гуфт, ки Тоҷикистон ба рушди забони русӣ дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва қабл аз ҳама миннатдории самимии хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонд, ки бо мусоидаташон дар ин ҷабҳа корҳо хеле рушд ёфтаанд.

"Қариб ҳамеша ӯ масъалаи кумаки Русия ба Тоҷикистонро дар мавриди рушди забони русӣ ба миён мегузорад. Мо ҳатто нақшаҳои мушаххасеро дар ин замина илова бар оне, ки то имрӯз анҷом шудааст, дорем", - гуфт Путин дар сӯҳбат бо Абдуллохӯҷа Бобоев, донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия.

Путин рӯзи чоршанбе ҷаласаи Шӯрои Давлатиро оид ба маориф баргузор хоҳад кард, аммо пеш аз он ӯ тасмим гирифтааст бо омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён сӯҳбат кунад.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон то сентябри соли 2022 сохтмони 5 мактаби русиро ба анҷом расонида шавад, ки ҳар яки онҳо метавонанд то 1200 хонандаро қабул намояд.

Вазорати маорифи Русия қайд кардааст, ки ҳамин тариқ, кӯдакон ба таҳсилоти муосир дастрас пайдо мекунанд.

Муассисаҳои таълимӣ дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Ҳамчунин, 50 омӯзгори рус аз 18 минтақаи Русия дар мактабҳои тоҷикӣ кор мекунанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд