(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрўз маросими ифтитоҳи филиали Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар кўчаи Шарқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси КВД бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшо Бобозода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони шаҳру бонкдорон ширкат намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд ин аввалин филиали бонки «Саноатсодиротбонк» дар қаламрави ҷумҳурӣ ифтитоҳ гардид, ки ҳадаф аз таъсиси филиали бонк боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни кишвар, бахсус вилояти Суғд, яке аз минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Бонки «Саноатсодиротбонк» аз рўзи таъсисёбии хеш ҳамчун саромягузори дохилӣ барои дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии кишвар фаъолият худро равона намудааст, ки то ба имрўз ба 223 субектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми беш аз 326 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки дар миёни онҳо соҳибкорони фаъол низ дар вилояти Суғд кам нестанд. Бонк дар айни замон ба қарздиҳии субектҳои соҳибкорие, ки ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва содиротнигаронидашуда машғул ҳастанд, афзалият дода, қарзҳоро бо фоизи нисбатан пасттар пешниҳод намуда истодааст. Дар баробари ин Бонк бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи дигар муштариён маҳсулотҳои гуногуни қарзиро омода ва пешниҳод менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар филилали ифтитоҳгардида беш аз 20 нафар мутахасисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардиданд. Филиал имкони роҳандозӣ намудани тамоми хизматрасониҳои бонкиро доро буда, ҳадафи асосӣ ин боз ҳам бештар саромягузор будан дар рушди саноат ва содироти кишварро дар бар мегирад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳи филилали бонки ««Саноатсодиротбонк»-ро дар арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фоли нек арзёбӣ намуда, ба рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорон ва бахусус содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар шароити нав ва қулай фароҳам месозад.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки филиали бонки мазкур ба миёнаравии молиявӣ дар ҷумҳурӣ мусоидати фаъол намуда, ба ин васила дар дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва истеҳсолоти воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузорӣ хоҳад намуд.

Таъкид шуд, ки «Саноатсодиротбонк» миёни кормандон фаъолияти хешро таҳти шиори «Дониш, маҳорат ва масъулият» ба роҳ мондаааст.

Маврид ба зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» табдил дода шуда, ҳадафи аслии он дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд