(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altВОРИСОНИ ВОҚЕИИ СИНОЕД!

Табибони арҷманд, алоқамандони соҳа, шаҳрвандони гиромӣ!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиатон самимона муборакбод намуда, бароятон умри дароз, саломатии бардавом, рўзгори ободу осуда ва дар кори пуршарафатон барору тавфиқ хоҳонам.

Воқеан, басо рамзист, ки дар рўзи мавлуди асосгузори тибби ҷаҳонӣ, алломаи бузургу беназири Машриқзамин Абўалӣ ибни Сино иди касбии табибони тоҷик ҳамасола таҷлил мегардад. Ин тадбир нишони эътибору эҳтироми Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа ба онҳоест, ки шабу рўз баҳри ҳифзи тандурустии мардум талош меварзанд. Шумо, табибони азиз, чун Абўалӣ ибни Сино барои табобати душвортарин бемориҳо даст ёфтаед ва роҳи ҳалли муаммоҳои сарбастаро пайдо кардаед. Имсол низ бо бемории коронавируси навъи COVID-19 муборизаи шадид бурда истодаед ва исбот кардед, ки дар касби худ содиқ ва вориси арзандаи Синои бузург ҳастед. Бо соҳибтаҷрибагӣ, донишу малака ва усулҳои нав ба нав ҷони хешро ба хатар гузошта, ҷони беморонро харидорӣ карда истодаед.

Шумо чун афсару аскар дар набарди тан ба тан бо душмани инсоният – COVID-19 дастбагиребон шуда, дар аксар ҳолатҳо бар он ғолиб омада истодаед. Аҳсант бар шумо, табибони донишвару ҷасур!

Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Ба соҳаи тандурустӣ, ки соҳаи афзалиятноки ҷомеа маҳсуб меёбад, давлату ҳукумат таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Дар ҳақиқат рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ, дастрасии кўмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар беҳтар гашта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад. Дар ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд муҷаҳҳазгардонии таҷҳизоти муосири техникии тиббӣ бештар гашта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд 16 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 1 таваллудхона, 3 беморхона, 6 маркази саломатӣ, Стансияи ёрии таъҷилӣ, Дармонгоҳи стоматологии бачагона, Маркази мубориза бар зидди бемории сил, Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кўдак”, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2236 нафар корманд адои вазифа дорад.

Аз шумораи умумии табибон бо дараҷаи олӣ 299 нафар, дараҷаи якум 57 нафар ва дараҷаи дуюм 19 нафар буда, 41 нафар бо унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 нафар бо унвони номзади илми тиб, 6 нафар бо унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар дорандаи Медали “Шафқат” ва 3 нафар профессор фаъолият дорад, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мо мебошад.

Ҳамшаҳриёни азиз, кормандони тиб!

Эътимоди комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат, кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ намудани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, пешгирии интишори бемориҳои сироятӣ ва мустаҳкам гардонидани саломатии аҳолӣ кўшиш ба харҷ дода, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки то таҷлили он рўзҳои башумор мондаанд, бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Бори дигар ҳамаи шумо – табибон, кормандони соҳаи тибро, ки дар даври ҳассосу душвор қарзи имонию инсонӣ ва рисолати бузурги ватандориро собитқадамона иҷро намуда, бо амри дил ба мардум хизмат карда истодаед, бо иди касбиатон табрик гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулиятатон комёбиҳо орзу мекунам.

Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед, табибони азиз!