(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altИмрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар арафаи Иди касбии табибон як қатор собиқадорони соҳаро аёдат намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдати собиқадорон аз ҷумла зикр намуд, ки тандурустӣ, ки соҳаи афзалиятнок маҳсуб меёбад ва ба он давлату ҳукумат таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир менамояд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳоро андешида истодааст, ки рушди соҳаи тандурустӣ таъмин карда шавад ва сокинони мамлакат ба хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрасӣ дошта бошанд».

Рушди бомаром ва ҳадафмандонаи соҳаи ҳифзи сиҳатии омма ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири табобат, тавсеаи шаклҳои мухталифи хизматрасонӣ ва таблиғи тарзи ҳаёти солим, шароити мусоид фароҳам меорад.

Ғайбуллоҷон Ҳалимови асабшинос ва ҳамсараш Мавҷуда Ҳалимова, ки собиқ корманди соҳаи момодоягӣ мебошад, ин оила дар маҷмуъ беш аз 85 сол ба халқу миллат содиқона хизмат намудаанд. То ҳол бо ҷомеаи меҳнатии табибон дар иртибот буда, ба корафтодагон дасти кўмак дароз менамоянд.

Марҳамат Сайдуллоева, ки давлати пирӣ меронаду ба синни мубораки 75 солагӣ расидааст, солҳои зиёд дар вазифаи сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд кору фаъолияти пурсамар дошт. Имрўз низ бо ташкили клиникаи тиббии «Табибони шафқат» дар хизмати мардум аст. Ҳамагон кору пайкори мавсуфро бо эҳтиром ба забон меоранду иззату эҳтиром менамоянд. Фарзандону пайвандонаш низ касби вайро идома дода истодаанд.

Бималика Холматова дар беморхонаи шаҳрии №1 беш аз 40 сол ба сифати табиб муваффақона кору фаъолият намудааст. Меҳнати зарбдор мавсуфро ба назар гирифта бори аввал дар Тоҷикистон ба ӯ унвони баланди касбӣ «Духтури халқии ИҶШС»- тақдим намудаанд. Бималика Холматова бо маҳорати баланди касбӣ, хушмуомилагӣ, дилёбӣ ва ташкилотчигиаш дар дилу дидаи ҳазорон нафар маъво гирифтааст. Соҳиби 5 фарзанд, 16 набера ва 18 абера мебошад.

Аёдатшудагон ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат, вилояту шаҳр, ки дар даври ҳассосу душвор қарзи имонию инсонӣ ва рисолати бузурги ватандориро собитқадамона иҷро намуда истодаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, барои ободӣ ва амну осоиштагии Ватани маҳбубамон дуои хайр намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд