(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви пойтахти мамлакат яке аз дастаҳои ғолиби даври вилоятии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Андалеб - 2021” шаҳри Хуҷанд дар даври ҷумҳуриявӣ бо аҳли санъати шаҳри Турсунзода ҳунарнамоӣ намуда, ба гирифтани 111,3 хол ғолибият ба даст оварданд.

Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд даври шаҳри Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2021»-ро бо баргузории барномаи фарҳангӣ, иборат аз намоиши ҳунарҳои мардумии «Бозори ҳунар», намоиши сарулибоси миллӣ бо иловаи навгониҳои муосир, навозиши умумӣ, рақси якка, суруди якка, навозиши якка, суруди анъанавӣ ва саҳначаи ҳаҷвӣ ҷамъбаст намуданд.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун намоиш додани дастовардҳои ҳунарию фарҳангии 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ буда, иқдоми хуб барои дарёфти чеҳраҳо бо диду нигоҳи нав мебошад.

Боиси қайд аст, ки гурӯҳи ҳамсароёни шаҳри Хуҷанд ҳамчун беҳтарин дар байни ғолибони даври ҷумҳуриявии Фестивал – озмун пазируфта шуда, санаи 15-уми августи соли равон дар даври ниҳоии барномаи фарҳангӣ иштирок ва аз нахустинҳо шуда баромад мекунанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд