(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба Рўзи варзишгарон ғолибони якчандкаратаи мусобиқаҳои варзишии намудҳои паралимпиро аёдат намуд.

Зимни мулоқоти самимӣ Фирдавс Шарифзода зикр намуд, ки “Варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат аст ва минбаъд низ чунин боқӣ хоҳад монд.

Зимни суханрониҳои хеш Президенти мамлакат, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».

Дар робита ба ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, ки дар татбиқи дастурҳои Сарвари давлат мусоидат намуда, баҳри рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд.

Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 300 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор дорад. Ҳамчунин, сохта ба истифода додани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад.

Дар ин самт нақшу эътибори собиқадорони соҳа ва машварату раҳнамоиҳои эшон хеле муҳим аст.

Қаҳрамон Мусобоев, варзишгар оид ба намуди дастхобонӣ, ки 2 маротиба сазовори медали тилло дар чемпионати Осиё оид ба дастхобони байни шахсони имконияташон маҳдуд ва Икромхўҷа Ҳайдаров варзишгар оид ба намуди вазнбардорӣ дорандаи медали нуқра дар Чемпионати Осиё дар Ҷуммҳурии Қазоқистон, чемпиони Тоҷикистон оид ба вазнбардори байни шахсони имконияташон маҳдуд, ҷоизадори мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши сабук байни маъюбон мебошанд, аз ин таваҷҷуҳ ғамхорӣ ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд