(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ-до ВКФ байни наврасон ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар толори “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда дар он зиёда аз 84 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз ҷумла 24 нафар духтарон аз рўи барномаи мусобиқа байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа 20 нафар сазовори чои якум, 20 нафар сазовори ҷои дуюм ва 40 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди каратэ ВКФ байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба каратэ ВКФ ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд