(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд даври вилояти озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид, ки дар он 33 нафар довталабон аз шаҳри Хуҷанд, аз рўйи номинаҳои гуногуни озмун иштирок карда, 28 нафар мақомҳои арзандаро касб намуданд.

Ҳамин тавр, Томирис Воҳидова, Қосимҷон Самиев, Сироҷиддин Акрамов, Нӯъмонҷон Рустамов, Ҷаъфархон Каримов, Нозанин Ҷамолиддинова, Сабрина Темирова, Дилшод Носиров, Абдурозиқ Султонов, Абдусалом Маризоев, Муҳаммадаъзам Юсупов, Замира Ӯрунова, Тахмина Исматӣ, Олимҷон Мамадҷонов, Соҳибҷон Солиев, Шаҳноза Азимова, Шаҳноза Азимова, Ойша Муродова, Заррина Бобоева, Дилноза Бойматова, Фирдавс Маҳмудов, Хайрулло Исматов, Гулноза Ғаффорӣ, Абдуғафур Исмоилов, Бахтовар Ғаффоров, Анис Назришоев, Нодирахон Ҷӯраева, Шерафкан Дадобоев ва Шӯҳрат Кенҷаев бо махорати баланди худ баҳои сазовори озмунро ба даст оварданд.

Акнун ин ғолибон дар даври ниҳоии озмун, яъне даври ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе иштирок хоҳанд намуд.

Бояд қайд намуд, ки озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Раиси вилояти Суғд ва Раиси шаҳри Хуҷанд бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон бо марҳилаҳо шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд