(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи варзишгарон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба гимнастикаи бадеӣ байни наврасон ва ҷавонони соҳои таваллудашон 2005 ва боло ташкил ва гузаронида шуд.

Мусобиқа дар толори варзишии “Ҷашнӣ”-и шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда дар он зиёда аз 60 нафар варзишгарони наврасу ҷавон аз рўи барномаи инфиродӣ байниҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа 10 нафар сазовори чои якум, 10 нафар сазовори ҷои дуюм ва 10 нафар сазовори ҷои сеюм гардиданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасон, ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш ва тарғибу ташвиқи намуди гимнастикаи бадеӣ байни омма дар шаҳри Хуҷанд, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Хуҷанд оид ба гимнастикаи бадеӣ ба ҳисоб меравад.

Дар охир ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медал ва ифтихорномаҳо ва қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд