(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси дастури Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд дар тамоми макотиби миёнаи умумии шаҳр ярмаркаи либосҳои мактабӣ ташкил карда шуд, ки ин иқдом бори аввал амалӣ карда мешавад.

Ҳадаф аз ташкили чунин ярмаркаҳо дар макотиби шаҳр боз ҳам фароҳам овардани дастрасии волидайн ба либосҳои мактабӣ аз дасти аввал буда, баҳри таъмини пурраи муҳассилин бо либоси мактабӣ мусоидат хоҳад намуд.

Субҳи имрўз дар МТМУ №22-и шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳр ярмаркаи либоси мактабӣ ташкил гардид, ки он аз ҷониби волидайн истиқболи гарм пайдо кард. Зеро сифати маҳсулот баланд талаботи мизоҷонро қонеъ менамуданд ва нархҳо дастрас буданд.

Дар ярмарка маҳсулоти анвои гуногуни либоси мактабӣ барои духтарон ва писарон, либосҳои варзишӣ, тагпўшҳо ва ғайраҳо ки истеҳсоли ширкати ватании «Амир» мебошад, пешниҳод карда шуд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки либоси ягонаи мактабӣ тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн мебарад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Боиси зикр аст, ки илова бар таъмини бозори дохилӣ, бахсус либоси мактабӣ бо маҳсулоти ватанӣ молу маҳсулоти корхонаҳо ба хориҷи кишвар низ содирот хоҳад шуд. Аз ҷумла, корхонаи "Нассоҷи Хуҷанд" тибқи дархост ба Ҷумҳурии Беларус 25 000 дона либос ирсол менамояд ва интизор меравад, ки теъдоди фармоишҳо боз афзун гардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд