(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоми дӯстию фарҳангӣ дар «Боғи Ирам».Ба хотири ташрифи варзишгарони кишварҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазокистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, ки дар мусобиқаи боксчиён ба хотираи Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзалиев дар маркази вилоят баргузор мегардад дар фароғатгоҳи «Боғи Ирам» шоми фарҳангӣ ва дӯстӣ баргузор гардид.
Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.
Дар баромади худ Раҷаббой Аҳмадзода кулли иштирокдорони ин мусобиқаи бонуфузро  ба Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфта, изҳори эътимод намуд,ки ба ҳам омадани варзишгарони кишварҳои гуногун барои барои боло рафтани  сатҳу сифати ин қувваозмоӣ мусоидат менамояд. Зеро ҳамасола дастгирии бевоситаи Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш меафзояд. Сардори Раёсати ҷавонон варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадоев барои дастгирии ҳамҷонибаи соҳаи варзиш ва роҳбарияти вилоят ва шаҳри Хуҷанд сипосгузорӣ намуд.
Сардовари мусобиқа Валерий Рачков барои хамаи баргузоркунандагони ин чорабинии муҳими варзишӣ барои меҳмоннавои, таваҷҷӯҳ ва фароҳам овардани ҳамаи шароитҳои лозима самимона сипосмандӣ намуд.
Бо назардошти он, ки чорабинии мазкур бо ҷашни мавлуди яке аз доварони мусобиқа,- Довари дараҷаи байналхалқӣ аз Ҷумҳурии Украина Микола Каракулов рост омад, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ӯро бо ин санаи нек табрик намуда, ба ӯ чун рамзи эҳтироми меҳмондорӣ ҷомаи зардӯзӣ ва тоқию рӯймол тӯҳфа намуд.

Дар чорабинӣ санъаткорони шаҳри Хуҷанд барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд.