(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, санги асосро барои азнавсозии ин муассисаи таълимӣ гузоштанд.

Зимни суханронии худ дар маросими санги асосгузорӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи рўзафзуни Давлату Ҳукумат ба сохаи маориф ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бунёди иншооти соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, мактабҳои садамавӣ пурра бартараф ва мактабҳои таъмирталаб аз таъмир бароварда мешаванд.

Бинои нави муассисаи тахсилоти миёнаи умумии № 28 бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 20 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна иборат буда, дорои 22 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Фармоишгари иншооти сохташаванда Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд, пудратчиён Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳандис” ва ҶДММ “Хушофар” буда, лоиҳакаш КФД “Суғдшаҳровар” мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз омўзгорон ва кормандони соҳаи маорифи шаҳр талаб намуд, ки ба соли хониши нав омодагии комил бигиранд. Муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш омода ва хонандагон бо сару либоси мактабӣ таъмин карда шаванд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо бунёди мактаби нав сатҳу сифати таълиму тарбия дар ин муассиса баланд бардошта мешавад. Ин ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати насли наврас ва сокинони шаҳр маънидод гардид.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ва омўзгорон зимни баромад ба роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Бунёди бинои нави МТМУ №28-ро туҳфаи арзишманд дар ҷашни 30-солагии Истиклолияти давлати маънидод намуданд.

Сипас бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба бунёди бинои нави ин муассисаи таълимӣ санги асос гузошта шуд.

Корҳои сохтмонӣ имрўз оғоз гардида, тибқи лоиҳа моҳи марти соли 2022 ба анҷом расонида мешавад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки МТМУ №28 ҳанўз соли 1939 сохта шуда, ниёз ба таъмиру азнавсозӣ дошт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд