(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози мумфаршкунӣ бо иштироки Раиси вилояти Суғд.Иҷроиши барномаи «Соли 2014 соли роҳҳои обод» дар шаҳри Хуҷанд бо маром ва вусъати тоза идома дорад.
Субҳи имрӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода корҳои мумфаршкунӣ дар кӯчаи ба номи Ҷ. Зокирови маркази вилоят оғоз гардид.
Дар расми оғози мумфаршкунӣ Раиси вилояти Суғд зикр намуд, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мувофиқи нақшаи дар ин асос таҳиягашта, дар шаҳри Хуҷанд бояд 116 км роҳ таъмир ва асфалтпӯш карда шавад. То имрӯз бошад 80% корҳои нақшавӣ ба анҷом расонда шуда, давоми ҳафта таъмири роҳҳои маҳаллаҳои «Чашма» собиқ микроноҳияи 34-ум,ва «Бофанда» шурӯъ мегарданд. Таъмири охирон дар кӯчаи ба номи Ҷ. Зокиров 10 сол қаб гузаронида шуда, бинобар ҳаракати зиёди нақлиёт ва гузаронидани корҳои зиёди коммуникасионӣ кӯчаи мазкур таъмирталаб шуда буд.
Масофаи умумии роҳ наздик як километр буда, роҳсозони ҶДММ «Хуҷандроҳ» ният доранд то интиҳои ҳафта корҳои асфалтхобониро ба анҷом расонанд.
Маблағи умумии таъмири роҳ 600 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва он аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пардохта мешавад.
Сокини кучаи мазкур Исматҷон Охунов ба сарвари давлат ва роҳбарияти шаҳру вилоят барои ин гамхорӣ ва таваҷҷӯҳ арзи сипос намуданд.