(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқа ба хотири гиромидошти родмарди Ватан.Дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии навбатӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмоил Ҳамазалиев оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии он, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуданд.
Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ варзишгарон ва меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфт. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки баргузории мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев, ки ҳамасола дар вилояти Суғди Тоҷикистон доир мегардад, барои дӯстии мардумони минтақа нақши назаррас дорад.
Баргузории мусобиқаи анъанавии навбатиро ҳамзамон сардовари мусобиқа, чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Валерий Рачков, бародарзодаи қаҳрамон Зокир Исроилов муборакбод гуфта, ба иштирочиёни мусобиқа сарбаландиҳо таманно намуданд. Дар мусобиқа зиёда аз 80 муштзанҳо аз 5 ҷумҳуриҳо - Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон  иштирок доранд. Мусобиқаро  16 нафар доварони дараҷаи байналхалқӣ доварӣ мекунанд. Мусобиқа ҳамчунин байни духтарон низ сурат гирифта 9 нафар бонувон низ маҳорати муштзании худро нишон хоҳанд дод.  Варзишгарон барои дарёфти 52 ҷоиза аз рӯи 13 намуди вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард. Он таи як ҳафта идома хоҳад ёфт.
Мусобиқаи аънавии мазкур соли 1970 бо ташаббуси раиси Кумитаи варзиши вилояти Ленинобод (имрӯза Суғд) яке аз боксичиёни маъруфи солҳои 60-уми қарни гузаштаи советӣ Генадий Олянский ба роҳ монда дода шуд.
Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Исмоил Ҳамазалиев зодаи деҳаи Сомғори ноҳияи Б.Ғафуров буда, тибқи роҳхати Вазорати маорифи кишвар соли 1941 баъди хатми донишкадаи омӯзгории Ленинобод дар ноҳияи Калининобод (имрӯза ҷамоати деҳоти Калининободи ноҳияи Ғончӣ) омӯзгорӣ мекард. Аз рӯи нақли шарикдарс ва ҳамяроқи қаҳрамон Бадалбой Ашрафоф замонр зинда буданаш, Исмоил Ҳамзаалиев се маротиба ба унвони вазири ҳамонвақтаи мудофиаи СССР ариза навишта хоҳиши ба ҷанг рафтан мекунад. Лекин ҳар дафъа бо баҳонаи «омӯзгор брон доштанаш» аризаи ӯро рад мекунанд ва танҳо маротибаи чаҳорум бо хоҳиши худ ба ҷанг меравад.
Исмоил Ҳамзаалиев тирамоҳи соли 1942 ба фронт рафта, нахуст курси семоҳаи танкистиро хатм мекунад. Баъдан аз рӯи зарурат комнадири отделенияи тӯпчиён таъин мешаванд. Соли 1943 дар ҳайати армияи амалкунанда дар муоҳрибаи шадиди Курск то нафаси вопасин ҷангида, худ сахт ярадор ва ба госпитал меафтад. Командири  қисм полковник Копылцов ба корнамоиҳои ҷангии Исмоил Ҳамзаалиев қоил монда, ӯро ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ пешниҳод мекунад. Баъди се моҳи муолиҷа, моҳи августи соли 1943  дар госпитал ҳалок мешавад. ӯро дар қабристонми бародарии шаҳри қаҳрамон Курск дафн мекунанд. Санаи 8 сентбяри соли 1943 бо фармони Президиуми Совети Олии СССР ба Исмоил Ҳамзаалиев баъди вафоташ унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода мешавад.