(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарори хешро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Бахтиёр Боқизода ба вазифаи муовини Раиси шаҳр - сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодиёт, саноат ва энергетика таъин гардид.

Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин гуфт, ки Бахтиёр Боқизода, соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби се маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва идоракунии давлатӣ мебошад. Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро ба сифати ҳуқуқшиноси Донишгоҳи муосири гунаманитарии Русия ва Тоҷикистон оғоз бахшида, сипас дар вазифаҳои ҳуқуқшиноси Фонди умумирусиявии маорифи шаҳри Хуҷанд, ҳуқуқшиноси маркази илмӣ-таҳсилотии шаҳри Хуҷанд, директори иҷроияи “Тоҷикгазавтосервис”-и шаҳр, сармутахасиси Раёсати саноати ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сардори Раёсати иҷозатномадиҳии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, директори генералии корхонаи истеҳсолӣ-саноатии зарфҳои пластикии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

То таъин гардидан ба мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода дар вазифаи сардори филиали КВД суғуртавии “Тоҷиксармоягузор”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекард. Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муовини тозатаъини худ Бахтиёр Боқизодаро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода даъват намуд.

Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияшон роҳандозӣ намояд.

Бояд хотирнишон сохт, ки муовини Раиси шаҳр сарпарасти соҳаҳои рушди иқтисодӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи иқтисодӣ – иҷтимоӣ, ислоҳотӣ иқтисодӣ, саноат ва энергетика, сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатӣ, савдои дохили ва берунӣ, роҳбарии умумиро барои татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи саноат ва энергетикаи шаҳр ба зимма дошта, таъминоти фаъолияти босамари тамоми коргоҳҳои саноатӣ ва барқию газ, дар доираи ваколатҳои худ ба роҳ мемонад.

Бахтиёр Боқизода, муовини Раиси шаҳр минбаъд сарпарасти соҳаҳои зерин: шуъбаи иқтисод ва савдо, бахши саноат ва энергетика, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, шуъбаи муҳоҷират, нозироти андоз, раёсати молия, раёсати омор, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Тоҷиксуғурта дар шаҳр ва Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд