(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Афсарони эҳтиётӣ омодагии ҳарбии худро месанҷанд.Имрӯз дар пойгоҳи низомӣ воқеъ дар мавзеи Чоруқ-дарон мавҷуд буда, машқҳои якҷояи қисми низомии 07746 ва афсарони дар эҳтиёт буда баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷабой Аҳмадзода ва сардори Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд Аъзам Қосимов аз рафти машқҳои низомӣ назорат бурданд. Дар оғоз афсарону сарбозони қисми низомии 07746 маҳорати ҳарби ва омодагии ҷангии худро намоиш дода барои афсарони эҳтиёти воситаҳои техникии ҷангиро муаррифи намуданд. Афсарони дар эҳтиёт қарор дошта низ маҳорати тирандозии хурдо аз яроқи оташфишони “Калашников” нишон доданд.
Лозим ба ёдоварист, ки машқи низомии мазкур, ки таи чанд соли охир бори нахуст гузаронида мешавад бо иштироки сокинони шаҳри Хуҷанд - афсарони дар эҳтиёт буда баргузор гардид. Афсарони эҳтиётӣ омодагии ҳарбии худро месанҷанд.Мақсад аз баргузории машқи низомии якҷояи афсарону сарбозони қисми низоми ва афсарони эҳтиётӣ, сайқал додан ва бозомузӣ намудани маҳорату малакаи ҳарбии онҳо мебошад. Ба машқи якрӯзаи ҳарбӣ 385 нафар афсарони дар эҳтиёт буда даъват шуда, пешбини мешавад, ки он минбаъд низ гузаронида мешавад.