(3 овоз, миёна 3.67 аз 5)

altДар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021 ва Низомномаи Озмун оғоз гардида, ҳайати ҳакамот дар он лаёқат, малака, маҳорати иштирокчиёнро аз рӯйи панҷ номина: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назму наср таҳлил ва натиҷагирӣ карда, ғолибони даври шаҳриро муайян намуданд.

Дар даври ниҳоии озмун 140 нафар довталаб, аз ҷумла тарбиятгирандаи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар доираи талаботи Озмун оид ба аз ёд намудани осори манзум ва мутолиаи осори мансур малака ва истеъдоди эҷодии худро нишон доданд.

Аз ҷониби ҳайати доварон истеъдод ва малакаи ҳар як довталаб омӯхта шуда, хулосаҳои зарурӣ бароварда шуданд.

Рӯзҳои наздик маросими қадршиносии ғолибони озмун баргузор хоҳад гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд