(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДӯстони азиз!
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷомеаи меҳнатии қисмҳои оташнишонӣ ва умури наҷотро бо иди касбиашон муборакбод гуфта, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мушкилу масъулиятнок ва дар айни замон рисолати пурифтихор барору комёбиҳо орзу менамояд.
Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 2 қисми оташнишонӣ: Қисми мустақили 23-юм ва Қисми тобеи 24-уми ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ фаъолият мебаранд. Дар қисмҳо 10 нақлиёти оташнишонӣ ва нақлиёти норбондор мавҷуд мебошад, ки дар ҳолати омодабош барои хомӯш кардани оташ ва наҷот додани одамон, моликияти шахсӣ ва давлатӣ тайёр аст. Бинобар ин ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар иншоотҳои хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин, хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо ва аз ҳама муҳимаш он ҷойҳое, ки кӯдакони мо тарбияву таҳсил менамоянд, таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд. Итминон дорам, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, таъмини зиндагии осоиштаи мардум маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Боиси қаноатмандист, ки кормандони Хадамоти оташнишонӣ ва умури наҷот аз коргарони оддӣ сар карда то роҳбарият бо дарки баланди масъулиятшиносию меҳанпарастӣ, худшиносию худогоҳӣ фаъолияти худро пеш мебаранд. Кормандони Хадамоти оташнишонӣ ва умури наҷот аз уҳдаи вазифаҳои ба зимма доштаашон сарбаландона мебароянд ва дар ободонию шукуфоии шаҳрамон ҳиссаи босазои худро мегузоранд.
Бо ҳамин умедҳо бори дигар ҳамаи Шумо - кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва умури наҷотро бо иди касбиатон табрик гуфта, дар адои хизмати пуршарафу пурмасъулият ба манфиати давлат ва халқи Тоҷикистони азиз саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбиҳо орзу намуда, барояшон сиҳату саломатӣ, ободии рӯзгору осмони соф таманно менамоям.
Сарбаланду муваффақ бошед!