(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар асоси дастури Ситоди вилоятию шаҳри оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии вилоят аз ҷониби кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд, ки дар ҳудуди бозори марказии «Панҷшанбе» гаштугузор, кору фаъолият ва харид менамуданд, беш аз 10 000 ниқобҳои тибии истеҳсоли ватанӣ тақсимот карда шуд.

Ҳадаф аз ташкили чунин корҳои фаҳмондадиҳиро қабл аз ҳама баҳри пешгирии аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» маънидод намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки чанде қабл дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии коронавирус-COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъи дар муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳолатҳои гирифтор шудан ба бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудан, расман пахш карда шуд. Омили асосии хуруҷи навбатии бемории мазкурро мутахассисон дар бетаваҷуҳӣ, риоя накардани муҳлати муайяншуда барои худмуҳофизатии шаҳрвандони мамлакат, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, истифода накардани ниқоб ва дигар тавсияҳо арзёбӣ мекунанд.

Дар рафти амалиёти гузаронидашуда дар маконҳои серодам, аз ҷумла марказҳои тиҷоратӣ, бозорҳо, бахусус бозори марказии «Панҷшанбе» аз ҷониби гуруҳи корӣ садҳо нафар ашхоси бениқоб ошкор ва ба онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, эшон бо ниқобҳои муҳофизатӣ тариқи ройгон таъмин карда шуданд. Мутаасифона боиси нигаронист, ки бархе нафарон ниқобҳои ғайрисанитариро низ мавриди истифода қарор додаанд. Ҳамин тариқ бо мақсади ташвиқи саломатии сокинон ба беш аз 10 000 нафар ниқобҳо ройгон дода шуданд.

Зимни суҳбат аз сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда шуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав аз гаштугузор ва сайругашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо муваққатан худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, фарзандони худро беназорат нагузоранд. Тавсия дода шуд, ки дар марказҳои саломатии ҳудуди зист эмгузаронӣ намоянд, то ин ки аз хатари беморӣ дар канор бошанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар истгоҳи ҳудуди китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд низ гузаронида шуд.

Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки танҳо бо роҳи риояи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиб ва ҷонибдории сокинони мамлакат аз тадбирҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ метавон аз сироятёбӣ ба дилхоҳ беморӣ наҷот ёфт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз шаҳрвандон бори дигар даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва ҳангоми аз хона баромадан истифодаи ниқобро фаромӯш накунанд. Аз ҳар як амали мо, солимии атрофиён, дар маҷмуъ солимии шаҳрвандони мамлакат вобастагӣ дорад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд