(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Субҳи имрӯз тамоми мардуми шарифи кишвар баъди интиҳои моҳи Рамазон намози Фитрро ба ҷо оварданд.

Дар ҳузури намозгузорони масҷиди марказии шаҳри Хуҷанд ба номи Шайх Маслаҳаддин Бадеъуддин Нурӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуда, кулли ҷамъомадагон ва мардуми вилоятро ба фарорасии Иди Саиди Фитр табрик намуданд.Раиси шаҳри Хуҷанд баъди қисмати муқаддимавӣ суханро ба Раиси вилояти Суғд Муовини аввали Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ дод.
Мавсуф дар баромади табрикотии худ аз амалҳои нек ва савобҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда изҳор дошт, ки «Мутмаинам, ки мардуми олиҳиммату саховатманди вилоятамон дар моҳи мубораки Рамазон ва минбаъд ҳам ба амалҳои неку хайр, ободкориву созандагӣ рӯй оварда, бештар ба мардуми ниёзманд некӣ менамоянд ва аз ятимону бепарасторон ва барҷомондагон хайру эҳсонро дареғ намедоранд.»
Раиси Шӯрои уламои дини вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусейн Мусозода аз номи намозгузорон роҳбарияти мақомоти маҳаллиро табрик намуда, бобати сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат ва кору амалҳои ободкоронаю созандагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд зикр намуд. Дар ҳамин замина аз тамоми мардуми диёр даъват намуд, ки аз ин иқдомҳои нек ва созандагии давлату ҳукумат шукргузор ва саҳмгузор бошанд.