(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рўзи Ваҳдати миллӣ ва Рўзи олимпӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба шашка байни шахсони мимконияташон маҳдуд ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа дар чойхонаи “Сирдарё”-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар мусобиқа зиёда аз 30 нафар шахсони қувваи босираашон суст байни ҳам рақобат намуданд.

Тибқи низомнома мусобиқа ба таврӣ олимпӣ байни мардон, занон ва наврасон гузаронида шуд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқа ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани алоқаи дўстӣ, тарғибу ташвиқи шашкаи русӣ ва дастгирии шахсони имконияташон маъюб ва қувваи босираашон суст ба ҳисоб меравад.

Дар маросими ҷамбастии мусобиқа Фирўза Нуруллозода иштирок намуда, ғолибонро қадршиносӣ кард.

Дар натиҷа байни мардон сазовори ҷои якум Абдуғафур Алиев, ҷои дуюм Абдуллоҷон Мирбобоев ва ҷои сеюм Дўстмуҳаммад Дўстматов сазовор гардиданд.

Байни занон сазовори ҷои якум Дилфуза Абдуғаниева, ҷои дуюм Биқаноат Абдуғаниева ва сазовори ҷои сеюм Марҳабо Мўминова ғолиб дониста шуданд.

Дар мусобиқа байни наврасдухтарон ҷои якум Саида Шерматова, ҷои дуюм Азиза Ярматова ва сазовори ҷои сеюм Шаҳризода Ҷўраева сазовор дониса шуданд.

Байни наврасписарон сазовори ҷои якум Абдуллоҷон Атомуллоев, ҷои дуюм Ислом Икромов ва ҷои сеюм Ислом Акбарқулов гардиданд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва тўҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадршиносӣ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд