(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи олимпӣ мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба бокс оғоз гардид.

Мусобиқа байни варзишгарони соли таваллудашон 2007-2008 дар толори варзишии "Ҷашнӣ"-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардида, дар он боксчиён аз рӯи 15 вазн байниҳам рақобат менамоянд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавигардонии варзиш, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, муайян намудани дастаи мунтахаб ва мустаҳкам намудани дӯстии варзишгарон ба ҳисоб меравад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд