(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдат аз муассисаҳои иҷтимоӣ

Тибқи дастуру ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аёдату кӯмак ва таваҷҷӯҳи роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳукми анъана даромадааст. 
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ду муассисаи иҷтимоии шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.
Дар хона парваришгоҳ, ки бо номи Хонаи пиронсолон ном бурда мешавад, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамроҳи бошандагони хона сӯҳбат анҷом дода, онҳоро бо Иди Саиди Фитр табрик намуд.
Ба муассисаи мазкур курсӣ, ҷиҳози рахти хоб, чангкашак маводи гуногуни ғизо ва ғайра тақдим карда шуд. Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки назари нек ва марҳамати мақомоти маҳаллӣ барои бошандагони муассисаи мазкур доимӣ буд ва мемонад. Сипас Абдураҳмон Қодирӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода ба хона-парваришгоҳи кӯдакони маркази вилоят ташриф овард.
Дар муассисаи мазкур кӯдакони ятим ва бепарастормонда ҳамарӯза таҳти назорати мураббиёну табибон қарор доранд. 
Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳайати кормандони парваришгоҳ сӯҳбат намуда, ба шароити корӣ ва фаъолияти онҳо таваҷҷӯҳ намуд.
Баъдан ба кӯдакон тӯҳфаҳои идона иборат аз маводи ширинӣ ва қаннодӣ тақдим карда шуд.
Барои хона-парваришгоҳи кӯдакона бошад мошинаи ҷомашӯӣ тӯҳфа карда шуда, ҳамчунин зикр гардид, ки дар фурсати кӯтоҳтарин як адад микроавтобус тақдим карда хоҳад шуд.