(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳр, муовини раиси комиссияи мазкур Фирўза Нуруллозода ҷаласаро оғоз намуда, аъзои комиссияро бо рўзномаи ҷаласа шинос кард. Зикр гардид, ки дар кори комиссия 2 масъала мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Аз ҷумла, пешниҳодоти прокуратураи шаҳри Хуҷанд оид ба бартараф намудани камбудиҳо дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахусус ҳолати номгузории нуқтаҳои савдо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки бо вуҷуди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби аъзои Комиссияи то ҳол бе мувофиқаи роҳбарияти шаҳр ва Комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» насб намудани номҳои бегона дар пештоқи мағозаҳо боиси нигаронӣ гардидааст, ки тибқи талаботи қонунгузорӣ ҷуброни хароҷоти бартарафкунии қонқнвайронкунӣ ба зиммаи худи ширкатҳо вогузор карда мешавад. Мутаассифона то ҳол баъзе аз соҳибмулкони марказҳои савдо ва хизматрасонӣ дағалона меъёрҳои моддаи 18, банди 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро вайрон намуда, номгузориро бо забони ғайритоҷикӣ гузошта истодаанд.

Сипас, ҳайати Комиссия аризаи як қатор шаҳрвандонро доир ба номгузории мағозаву нуқтаҳои савдо мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар охир аз ҷониби муовини Раиси шаҳр, муоивини раиси комиссия Фирўза Нуруллозода бо вазифагузорӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолият ба ҷаласа ҳусни анҷом бахшида шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд