(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дастгирии иқдоми Раиси шаҳр идома дорад.Дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд дар асоси нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъмиру мумфаршкунии роҳҳо идома дорад.
Ташаббуси Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тариқи ҳашар обод намудани роҳҳои кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр ва гузаргоҳҳои асосӣ дастгирии ҳамаҷониба меёбад.
Роҳбарияти бозори ба номи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон» тасмим гирифтанд, кӯчаи даромадгоҳи асосии бозори мазкурро, ки ҳамзамон даромадгоҳи се бозори дар ин мавзеъ ҷойгиршударо ташкил медиҳад, пурра мумфарш намоянд.
Дар кӯчаи мазкур 40 соли охир ягон намуди таъмир гузаронида нашуда буд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми оғози корҳои мумфаршкунӣ ширкат намуда, барои дастгирии иқдоми Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дар арафаи Иди саиди Фитр ба анҷом расондани ин кори савоб ба роҳбарияти бозори ба номи «20 солагии истиқлолияти Тоҷикистон» изҳори сипос намуд.
Ҳаҷми корҳои ба сомонмерасида зиёда аз 2 ҳазор метри квадратӣ буда, маблағи умумии таъмири пурраи роҳ зиёда аз 120 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Таъмиргарони коргоҳи ҶДММ «АНД» ният доранд давоми ду рӯз корҳои пешбинишударо ба анҷом расонда, роҳи мазкурро дар рӯзи Иди Фитр ба истифода диҳанд.
Дастгирии иқдоми Раиси шаҳр идома дорад.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз вазъи нархи маҳсулоти бозорҳои маводи ғизо, ки дар мавзеи Панҷшанбе ҷойгиранд, боздиди корӣ намуд.
Роҳбарияти бозорҳо ба Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ доданд, ки ҳоло нархи маҳсулот зери таҳлил ва назорти ҳамарӯзаи маъмурияти бозорҳо ва комиссияи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Давоми моҳ ягон тағийроти ҷиддӣ ва ё ҷаҳиши нарҳои маҳсулоти ғизо ба мушоҳида нарасидааст.
Барои воридоти онҳо тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд ба муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маҳмадӣ Давлатов ва роҳбарияти ҳамаи бозорҳо супориши қатъӣ дод, ки минбаъд низ тамоми нархи маҳсулоти ниёзи аввала дар бозор ҳадди ақал дар сатҳи имрӯза нигоҳ дошта шавад.