(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шӯъбаҳо бо сифати баланд тармим шуданд.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи клиникии № 1-ми шаҳр ташриф оварда, ба рафти тармиму таъмири шӯъбаҳо шинос шуд. Ӯ аз он, ки шӯъбаҳои эҳё, асаб, ҷарроҳии асаб, амрози дарунӣ ва озмоишгоҳи биохимиявӣ бо сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи маркази назорати санитарӣ-эпидемиологӣ тармим ва утоқҳо равшану барҳаво шудаанд, қаноатманд гардид.
Раиси шаҳр ҳамчунин ба ободонию гулкории саҳни биноҳо ва боғи беморхона таваҷҷуҳ кард. Маълум, ки масъулини беморхона моҳияти масъала ва дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзодаро ба хубӣ дарк кардаанд. Дар ҳудуди беморхона 1,5 ҳазор метри мураббаъ замин ҳаст, ки ниҳолу буттаҳо сабзпӯш кардаанд. Муҳимаш чандин хел гул саросар шукуфтааст.
Бино ба гуфти сардухтури беморхона Фирдавсхон Баҳодурхонович Тӯрахонов, барои тармими шуъбаҳои беморхона аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 800 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Дар беморхона маблағро мувофиқи таъйинот сарф мекунанд.
Алҳол ин ҷо ба таъмиру тармими шӯъбаҳои осебшиносӣ, ҷарроҳии калонсолон ва бачагон омодагӣ мегиранд. Ин шӯъбаҳо низ ба пуррагӣ ва дар вақташ тармим хоҳанд шуд.
Барои он, ки муоина, ташхис ва муолиҷа босамар гузарад, беморхона ба 280 ҳазор сомонӣ 13 намуд таҷҳизоти тиббӣ харидааст.
Сардухтур Фирдавсхон Тӯрахонов ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз хусуси нақшаҳояш ҷиҳати беҳтар кардани ташхису муолиҷа сухан кард. Раис нияти неки сардухтурро писандид ва изҳор кард, ки барои харидани таҷҳизоти тиббӣ аз қабили катҳои функсионалӣ мадад мерасонад.
Фирдавсхон Баҳодурхонович ба Раҷаббой Аҳмадзода барои дастгирии доимиаш ҷиҳати беҳдошти ҳифзи сиҳатии омма арзи сипос кард.