(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Мусобиқаи варзишӣ оид ба заврақронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Бо мақсади рушду нумуъи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба заврақронӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Мусобиқаи варзишӣ дар соҳили дарёи “Сирдарё” ташкил ва баргузор гардида дар он зиёда аз 60 нафар варзишгарони намуди заврақронӣ ширкат намуданд.

Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа дар асоси қоидаҳои Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ гузаронида шуда, дар он варзишгарон аз рўи масофаҳои зерин байниҳам қувваозмоӣ намуданд.

1. Заврақронӣ байни духтарони соли таваллуди 2005 ва хурд : К-1 200 м К-1 500 м.,

2. Заврақронӣ байни ҷавононписарони соли таваллуди 2005 ва хурд: С-1 1000 м., К-1 1000 м.,

3. Заврақронӣ байни ҷавононписарони соли таваллуди 2004 ва калон: С-1 1000м., К-1 1000 м.

Маросими ҷамъбастии мусобиқа дар рӯзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мегардад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд