(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади тарғибу ташвиқи футбол дар байни аҳолӣ, муҳайё сохтани шароити мусоид барои машғулият ба футбол ва талаботи байналмилалӣ, мутобиқ гардонидани иншооти марбут ба футбол, пайдо намудани истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани заминаи мусоид барои рушди футболи касбӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид.

Мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, дар он зиёда аз 130 нафар футболбозон дар ҳайати дастаҳои донишгоҳу коллеҷҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гашта, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Маросими ҷамбастии мусобиқа дар рўзҳои таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор мешавад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд