(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикитсон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии «Ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда» баргузор гардид.

Усмонҷон Ахмедов, муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки баргузории чорабинии «Ярмаркаи интихоби мутахассисони арзанда» якчанд сол инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин тадбири муҳим ба хотири боз ҳам қавитар намудани робитаи донишкада бо ташкилоту корхонаҳо роҳандозӣ гардида, барои таъмини ҷойи корӣ ба хатмкунандагон ва ҳамчунин интихоби кадрҳои болаёқат ба роҳбарони коргоҳҳо мусоидат менамояд. Дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода намудани мутахассисони касбӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мадди аввал қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромадҳои худ таъкид медоранд, ки бобати фароҳам овардани ҷойи корӣ муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш зикр дошта буданд, ки бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунарро таъсис дода, ҷавонони бешуғлро ба он фарогир кунем, то онҳо тавонанд ҳунар омӯхта, соҳибкасб шаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта донишкадаро 776 нафар хатм карда, тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 96 фоизи хатмкунандагон сохиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Аз он ҷумла тариқи ярмакаи “Интихоби мутахассисони арзанда” зиёда аз 115 хатмкунандагон соҳиби ҷойи корӣ шуданд. Соли равон донишкадаро 906 нафар, аз он ҷумла 744 нафар бакалавр, 39 нафар магистратура ва 123 нафар шуъбаи фосилавиро хатм хоҳанд кард. Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар донишкада боз ихтисосҳои нави ҷавобгу ба талаботи замони муосир кушода шуданд:

1. Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ.

2. Зеҳни сунъӣ.

3. Саноати моҳипарварӣ.

4. Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.

5. Таълими касбӣ (аз рӯи самтҳо).

6. Тиҷорат.

7. Логистика.

Дар маҷмуъ миқдори умумии ихтисосҳо ба 29 адад расонида шуданд.

Усмон Ахмедов гуфт, ки роҳбарияти донишкада бо мақсади қавитар сохтани ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо тасмим гирифтааст, ки бо роҳбарони ташкилоту корхонаҳо силсиламулоқотҳо доир намуда, барои пешравии кор, робитаҳоро мустаҳкам намояд. Зимни вохӯриҳо бо роҳбарони соҳаҳои кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, маҳсулоти хӯрока, энергетика, сохтмон ва меъморӣ мушкиливу муаммоҳо гуфта шуд. Таъкид гардид, ки ҷараёни таҷрибаомӯзиҳо тақвият мехоҳад. Натиҷаи ҳамин ҳамкориҳо буд, ки донишкада дар назди ташкилоту муассисаҳои корхонаи муштараки “Ҷавонӣ”, коргоҳҳои “САТН”, “Тиниал”, “Суғдшаҳрофар-М” бонкҳои “Арванд”, “Эсхата”, шабакаҳои барқии вилояти Суғд, филиали Суғдии Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ҷамъияти саҳҳомии “АРЗ -4” , “Асотсиатсияи АББАТ” , ҶДММ “Суғдшаҳрофар” ва ҶСП ТАҚҲ “Имон” кафедраҳои сайёри худ таъсис дод. Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки бо коргоҳҳои истеҳсолии «Ҷавонӣ», «Фаровон», «Дӯсти Амирхон», «Зода», «Яхмоси 33» , «Файзи Расул»ширкатҳои сохтмонии «Тиниал», «Равзана пласт», «Старпласт», бонкҳои «Имон Интернешнл», «Арванд», «Спитаменбонк», «Бонки Эсхата» «Бонки байналмилалӣ», Ҷаъмияти саҳомии “АРЗ -4” «Барқи тоҷик» робитаи хуби ҳамкорӣ дорем ва ин робитаи мо минбаъд низ бо дигар ташкилоту коргоҳҳо бештар хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ сол аз сол вазъи пояи моддиву техникии худро беҳтар намуда, вазифаи асосиаш омода сохтани мутахассисони воқеан ҳам арзандаи соҳаҳо ва саҳм гузоштан ба чор ҳадафи стратегии мамлакат мебошад. Дар ин ҷода таъсиси озмоишгоҳҳои замонавӣ барои тақвияти дониши устодону донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.

Сипас дар ҷараёни ярмарка иштирокдорон ва ширкатҳо бо фаъолият, иқтидор ва савияи донишу маҳорати хеш бо ҳам мубодилаи афкор намуданд.

Дар анҷоми ярмарка якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд