(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҚАДАМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МАҲАЛЛА

Дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврўзи ҷаҳонӣ маҳаллаи мо низ ҷомаи идона ба бар намуд. Он рўзи офтобӣ хурду бузурги маҳалла аз ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле шоду хушнуд гардиданд. Маҳаллам Мевағул воқеан идҷойро мемонд. Як сў модарон ба пухтани таомҳои миллӣ, наврасону ҷавонон дар омоданамоии идгоҳ, сўйи дигар духтарон тозаҷавонӣ доштанду пирону собиқадорон сўҳбату гарму самимӣ, ҳунармандон бо сароидани суруду арғуштравиҳо машғул буданд.

Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тадбири идонаи маҳалла иштирок намуда, дар як вақт аз Чойхона, майдончаи варзишӣ, сартарошхона, утоқи дўзандагӣ, дорухона, гўшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо собиқадорон ва фаъолони маҳалла сўҳбати гарму хотирнишин доир намуданд. Пешвои миллат ҳангоми сўҳбат ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон, сарфаю сариштакорӣ, ҳунаромўзии ҷавонон, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории KOVID – 19, захираи маводи озуқа, фарҳанги маҳалладорӣ, қадр намудан неъматҳои Истиқлолият, эҳтироми падару модар, омўзгору устод ва ғайра ишора намуданд, ки сокинон ҳамовозии самимӣ зоҳир карданд.

Мо, сокинони маҳаллаи Мевағул аз ташрифи Пешвои миллат Президенти маҳбуби Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле шоду мамнун буда, шукргузор аз он ҳастем, ки кишвари мо, шаҳру маҳаллаи мо рўз аз рўз шукуфону ободтар гардида истодааст. Дар соли таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли маҳалла талош бар он меварзад, ки сокинонаш дар пиёда кардани сиёсати давлатии Ҳукумати ҷумҳурӣ, хосатан, сиёсати дурандешона ва созандаи Президенти ҷумҳуриро ҷонибдорӣ ва татбиқ намуда, Тоҷикистонро дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо бо ҳама дастоварду анъаноти миллиаш ҳифз менамояд.

Мо ба Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои доир намудани чунин тантанаҳои идонаи наврўзӣ изҳори сипос мекунем ва минбаъд низ дар ободу зебо намудани маҳаллаи худ талош меварзем.


Сокинони маҳаллаи
«Мевағул»