(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, рушди намуди бокс, баланд бардоштани малакаи варзишгарон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо мусобиқаи кушоди мактаби варзишии захираҳои олимпӣ оид ба бокс байни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид. Мусобиқа ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он варзишгарон аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд.

Мусобиқа дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд гузаронида шуда, дар он боксчиёни аз рӯйи синну соли 2002-2003, 2004-2005, 2006-2007 ва 2008-2009 байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбаст ғолибон ва ҷоизадорон қадршиносӣ карда шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд