(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Хуҷанд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо ҳузури иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аскарону афсарони ин қисми низомӣ баргузор гардид.

Темур Тўйчизода, мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳайати қисми низомии 3501 расонд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бисту ҳашт сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнини иқтисодиву сиёсии Ватани азизамон, ки аксари сохтору мақомоти давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд, бидуни заминаҳои моддиву техникӣ таъсис ёфта, бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму талоши ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мардуми соҳибфарҳангу сулҳҷӯй, боифтихор ва ватандӯстамон дар як муддати кўтоҳи таърихӣ ба ниҳоди қавии қудратӣ табдил ёфт. Дар ин бора, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Артиши амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст. Дар чунин муддати кӯтоҳ ноил шудан ба чунин дастовардҳои назаррас, албатта, натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, дастгирии мардуми тоҷик ва кумаку таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат мебошад».

Имрўз ҳамаи ҷузъу томҳои дар вилояти Суғдбудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо базаи моддию техникӣ таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани базаи моддӣ-техникии қисмҳои ҳарбии ҳудуди вилоят ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагию фаъолияти ҳайати шахсии онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, асфарону аскарони қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро бо таъсисёбии Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, аз ҷумла афзуд, ки «Хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд.

Тазаккур бояд дод, ки Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат яке аз рукнҳои воқеан бунёдӣ ва муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватанамон мебошанд, ки ҳанӯз дар оғози ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон таъсис гардида, роҳи хеле мушкилу сангини таърихиро тай карданд ва ҳоло ба яке аз нерӯҳои қудратманди низомӣ табдил ёфтаанд.

Дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи кишвар соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Дар ин радиф баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо азму кӯшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Бо боварӣ метавон қайд намуд, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш минбаъд низ бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.

Бо гузашти низомӣ ва иҷрои машқҳои тактикӣ ба чорабинии тантанавӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ҳусни анҷом бахшида шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳиқуқи шаҳр, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз вазъи хизмати афсарону аскарон аз наздик шинос гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳайати қисми низомӣ дастархонаи идона густурда шуда, дар ин рӯз барномаи фарҳангӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд