(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи дирӯз сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Тиллокон» №37-и шаҳри Хуҷанд бо ҳадафи райъ додан ба номзади арзандаи худ ба участкаҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд.

Аз табъи мардум дарёфтан мумкин буд, ки эшон дар ин маъракаи сиёсӣ бо амри дил ва бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш фаъолнокӣ зоҳир намудаанд.

Тибқи иттилоъи масъулини ҳавзаи интихоботии «Тиллокон»» №37 дар ҳудуди ҳавза як участкаҳои интихоботии №51 фаъол буда, он дар МТМУ №19 ҷойгир гардида, ҳудуди маҳаллаи «Тиллокон»-и шаҳри Хуҷандро дарбар мегирад. Шумораи умумии райъдиҳандагони ин ҳавза 2 ҳазору 903 нафар мебошад.

Интихобот соати 6:00 ба кор оғоз гардид ва то соати 20:00 идома ёфт.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳавзаи интихоботии «Тиллокон» №37-и шаҳри Хуҷанд 2 нафар номзад ба вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, яъне Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд, аз ҲХДТ ва Ҷаъфар Шодиев ба тариқи худпешбарӣ ба қайд гирифта шуда буданд.

Ҳамин тавр, тибқи иттилоъи масъулини ҳавзаи интихоботӣ дар маъракаи интихоботӣ 2549 нафар ширкат намуда, аз онҳо ба Фирдавс Шарифзода 2073 нафар ё худ 81, 3 фоиз райъи худро доданд. Ба тарафдории Ҷаъфар Шодиев 388 нафар ё худ 15, 2 фисади интихобкунандагон овоз доданд. Ба ҳамин тартиб дар ҳавзаи интихоботии «Тиллокон” №37 номзади ҲХДТ Фирдавс Шарифзода ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи Хуҷанд бо бартарии овозҳои зиёд ғолибият ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии Тиллокон, №37 «Дар бораи пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд дар ҳавзаи интихоботии «Тиллокон» №37" интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд сурат гирифт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд