(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар майдони назди театри Хоҷа Камоли Хуҷанд ташкил гардида буд, боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ярмарка афзуд, ки ин тадбир дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ ва дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ роҳандозӣ гардидааст.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка беш аз 150 тонна маҳсулот, аз ҷумла 3 тонна гӯшти гову гӯсфанд, 3 тонна гӯшти мурғ, 40 000 дона тухм, картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, моҳӣ, орд, намак, шакар, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан аз бозор арзон ба фурӯш гузошта шуда буд. Масалан як кило пиёз 80 дирам ва як кило шакар 7сомонию 50 дирам арзиш дошт. Як кило гӯшти гов 40 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шуда буд.

Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка беш аз 12 корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд молу маҳсулоти хешро бо нархҳои дастрас, ба идораи дигар "аз дасти якум" пешкаши харидорон гардониданд.

Дар ярмарка фурӯши гулу гулбутта ва ниҳолҳо низ ба роҳ монда шуда буданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд