(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба шарҳи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2021 дар қаламрави мамлакат иҷозат додани баргузории ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла намозҳои ҷумъа дар масҷидҳо бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштии шахсию ҷамъиятӣ мулоқот бо имомхатибони масчидҳо баргузор гардид.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд баромад намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба вазъи воқеии имрўза сохторҳои дахлдори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази исломӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор намудааст, ки вобаста ба амалӣ шудани қарори мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида, дар иттиҳодияҳои динӣ ва масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Бо вуҷуди тадриҷан ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ шаҳрвандон қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятиро фаромўш насозанд ва онро қатъиян риоя намоянд. Ҳангоми ибодати дастаҷамъона дар иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода кунанд.

Таъкид гардид, ки вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси намозгузорон ба ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд. Ё худ вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд. Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳозиринро бо тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва дигар бемориҳои сироятӣ дар масҷидҳо шинос намуданд.

Зикр гардид, ки утоқҳои масҷидҳо бо миқдори кофии маводи безараргардонӣ, собун ва маҳлули зиддиуфунӣ (антисептикӣ), инчунин ҳароратсанҷи фосилавӣ таъмин карда шаванд. Санҷиши ҳатмии намозгузорон ва муроҷиаткунандагон ба масҷидҳо ва дигар марказҳои динӣ тавассути ҳароратсанҷи фосилавӣ бо мақсади маҳдуд намудани ашхосе, ки таби баланд ё аломатҳои бемориҳои роҳҳои нафас доранд ба роҳ монда шавад. Дар ҷойҳои муайян ва намоён навиштаҷотҳои “Бе ниқоб даромадан манъ аст” ва “Бо даст салом кардан ва оғўш гирифтан манъ аст” –ро овезон намоянд. Аз ҷониби намозгузорон дар замони адои намозҳои панҷвақта, ибодат ва муроҷиат намудан баҳри машварати динӣ пўшидани ҳатмии воситаҳои муҳофизати шахсӣ бо риояи фосилаи иҷтимоӣ на камтар аз 1,5 метр риоя карда шавад. Бо мақсади рияои риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ (мунтазам шустани дастҳо, истифодаи воситаҳои безараркунанда), инчунин безараргардонии ҷойҳои корӣ (фаршҳо ва ҷойнамоз, мизҳо, воситаҳои техникӣ ва дигар ашёҳое, ки дар фаъолияти хизматӣ истифода мешаванд ба роҳ монда шавад. Ташкили корҳои беҳдоштӣ ва безараргардонии биноҳои масҷидҳо барои кор бо муроҷиаткунандагон, аз он ҷумла утоқҳо на кам аз 1 маротиба дар давоми ҳафта ба роҳ монда шавад.

Махсусан таъкид гардид, ки дар масҷидҳое, ки талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ риоя намегардад, фаъолияташон манъ карда мешавад.

Дар анҷоми мулоқот Раиси Шурои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳри Хуҷанд Муҳсин Миркамолов иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Аз ҷониби масъулини Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба имомхатибони масчидҳо нусхаи Қарори ситоди ҷумҳуривӣ, тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди санитарии Марказ дар ин самт дастрас карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд