(18 овоз, миёна 3.06 аз 5)

 Вохӯрӣ бо сокинон ҲАДАФ-ҲАЛЛИ МУАММОҲОИ МАРДУМТибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр марҳилаи нави вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо шаҳрвандон оғоз гардид.

Дар маҷлисгоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-уми шаҳр вохӯрии рӯбарӯи Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов бо сокинони маҳаллаҳои «Тути калон» ва «Инқилоб» баргузор гардид.

Сараввал Р.Каримов оид ба дастовардҳои мардуми шарифу сарбаланди маркази вилоят дар соли 2012-ум сухан карда, гуфт, ки бо ҳидояту супоришҳои Президенти кишвар, ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии

ҳамешагии Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр солро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ ҷамъбаст намуданд. Ин буд, ки дар озмуни вилоятии «Шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин» шаҳри Хуҷанд ҷойи якумро соҳиб гашт.

Дар ин сол ба маблағи 359 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, 80 ҳазор метри мураббаъ роҳҳо мумфарш карда шуданд. Ба 7 ҳазор оилаи ниёзманд барои пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ кӯмакпулӣ ҷудо карда шуд. Мардуми шаҳр бе маҳдудият дар фасли зимистон низ бо нерӯи барқ таъминанд. Музди меҳнати кормандони корхонаву муассисаҳо, бахусус, соҳаҳои буҷетӣ ва ҳам нафақаи нафақагирон пурра пардохта шудааст.

Дар соли 2013-ум низ корҳои ободониву созандагиро идома дода, гуфт Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов,-мувофиқи нақша кӯчаҳои дохили маҳаллаҳоро таъмир ва чароғон хоҳем кард.

Дар мулоқот, ки хеле озод ва муфид гузашт, садҳо нафар бошандагони маҳаллаҳо иштирок карда, бо саволу дархост ба Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.

Раҳбар Маҳкамова, сокини кӯчаи ба номи «Гули ҷаҳон» аз номи бошандагони кӯча хоҳиш намуд, ки ин мавзеро ба тартиб оваранд. Зеро, аз сабаби тангии кӯчаи байни Маркази савдои «Гули ҷаҳон» ва чойхонаи «Азизон», бар замми ин истгоҳи таксиҳо, бисёр вақт ҳатто, барои гузаштани одамон роҳ намемонад.

Раиси шаҳр кормандони шӯъбаи БДА-и Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд вазифадор намуд, ки барои ҳалли ин масъала чораҳои зарурӣ андешида, истгоҳи таксиҳоро ба ҷои дигар кӯчонанд. Ҳамзамон, масъулинро вазифадор кард, ки ҷӯйборҳои кӯчаи мазкурро аз ҳар гуна партов тоза намоянд. Вохӯрӣ бо сокинон ҲАДАФ-ҲАЛЛИ МУАММОҲОИ МАРДУМ

Ҳамин тавр, сокини кӯчаи ба номи Самарқанд Ибодат Орифова доир ба масъалаҳои таъмирталаб будани кӯча, зарурати ивази ноқилҳои барқ, бад будани ҳолати санитарии ҳавзи маҳалла, истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Шӯҳрат Норматов Марям Шарифова оид ба масоили чароғонкунии кӯчаҳо ва набудани обрав, бошандаи кӯчаи ба номи Бухоро Лутфинисо Ашрафова дар масъалаи сари вақт набардоштани партовҳо, сокини кӯчаи ба номи Ш.Норматов Матлуба Авезова оид ба масъалаи фирефтаи ашхос гаштани оилааш дар мавриди хонагирӣ ва истиқоматкунандаи кӯчаи Чуқурак Ҷамолабону Қурбонова доир ба масъалаи гирифтани симчӯбҳои нодаркор аз кӯча саволҳо дода, аз Раиси шаҳр ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин, собиқадори соҳаи маориф Наимахон Мӯъминова ва имомхатиби масҷиди ҷомеъи «Бобо-Хоҷа» Ҳоҷӣ Муҳаммадҷон Усмонов ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар макотиби миёнаву олӣ, эътибори бештар додани падару модарон ба фарзандон андешаҳои хешро иброз намуданд.

Дар вохӯрӣ Раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод иштирок ва баромад карда, мардуми заҳматқарини шаҳри Хуҷандро ба ободии диёр ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон даъват намуд.