(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабир Шералӣ аз як қатор корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла: «Сомон гуруҳ», «Нассоҷи Хуҷанд», «Суғдиён», «Ҷавонӣ», «Садаф» ва ғайраҳо боздид намуда, бо ҷараёни фаъолияти онҳо аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид таваҷҷуҳ ба корандозии пурраи майдони истеҳсолот, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохили ба раванди истеҳсолот, зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, насбу фаъол намудани дастгоҳҳои муосир, автоматикунонии истеҳсолот, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазир, пешниҳоди нақшаи тиҷоратӣ ҷиҳати қабули фармоишоти давлатӣ ва ғайраҳо табодули назар карда шуд.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабир Шералӣ таъкид намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Барномаи саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ ва якчанд барномаҳои рушди соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла рушди металлургияи ранга ва сиёҳ, саноати хӯрокворӣ, соҳаи мошинсозӣ, саноати сабук, соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо то давраи соли 2025 таҳия намудааст, ки айни замон мавриди амал қарор доранд. Ин барномаҳо барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва коҳиш додани шиддати омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт равона гардидаанд. Ҳадафи пешниҳоди барномаҳои мазкур фароҳам овардани замина барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ташкили кластерҳои саноатӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нав, ташкили сарчашмаҳои нави андозбандӣ, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири воридотивазкунандаю ба содирот нигаронидашуда ва зиёд намудани ҳаҷми содирот мебошад. Дар ин самт бояд саноатчиёни шаҳри Хуҷанд иқдом намуда, барои рушди соҳа ҳиссагузорӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд