(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altCубҳи имруз дар доираи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар майдони назди театри Камоли Хуҷандӣ ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим доштанд.

Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли зимистон тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд