(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои роҳбарияти вилояти Суғд дар ҳудуди маҳаллаю микроноҳияҳои шаҳри Хуҷанд то рузҳои таҷлили 30 солагии Истиқллияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз корхонаи муштараки “Арча-мебел”, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” воқеъ аст, боздид намуда, аз фаъолияти яке аз самтҳои корхонаи мазкур, ки ба тайёр кардани дастгоҳҳои машқу тамрин машғуланд ошноӣ пайдо кард.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи муштараки “Арча-мебел” солҳои охир дар баробари фаъолияти густурда дар самти истеҳсоли мебелу таҷҳизоти соҳаҳои хоҷагии халқ ба истеҳсоли дастгоҳҳои машқу тамринӣ ва таҷҳизонидани майдончаҳои варзишӣ дар дохили кишвар машғул буда, дар ин самт таҷрибаи кофӣ ба даст овардааст. Алҳол ширкат ба истеҳсоли то 20 намуд таҷҳизоти гуногуни варзишӣ ва фароғатӣ машғул буда, бо нархҳои дастрас онро вориди бозори дохилӣ менамояд. Ҳамзамон дар ин ҷо мувофиқ ба завқи мизоҷон фармоишоти гуногуни дастгоҳи машқу тамриниро истеҳсол мекунанд. Корхонаи мазкур барои таҷҳизонидани майдончаҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, майдончаҳои хурди кўдакона ва истироҳату фароғат низ иқтидорҳои кофӣ дошта, барои амалинамоии фармоишот заминаи мусоид дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни шиносоӣ бо дастгоҳҳои варзишӣ ба сифати он эътибор зоҳир намуда, изҳор дошт, ки то таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маҳаллаву микроноҳияҳои шаҳр 100 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд мегарданд, ки он ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон мусоидат хоҳад намуд.

Шаҳрдор аз корхонаи муштараки “Арча-мебел” даъват ба амал овард, ки ҷиҳати пешниҳодоти лоиҳаҳои мушаххаси майдончаҳои варзишӣ бо назардошти маҷмуъи таҷҳизоти машқу тамринӣ бо сифати баланд ва нархҳои дастрас азм намояд, то ин ки корҳо дар ин самт оғоз ёбанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд