(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДар Идораи телевизиони вилояти Суғд даври вилоятии фестивал-озмуни “Русская песня” баргузор гардид, ки аз миёни 27 нафар 11 нафар дастпарварони мактабҳои мусиқии шаҳри Хуҷанд маҳорати хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

Озмун аз рўйи се номинатсия: академӣ, эстрадӣ ва халқӣ сурат гирифта, се мақомҳои ифтихориро намояндагони шаҳри Хуҷанд ба даст оварданд. Аз ҷумла, Дилангез Холматова хонандаи мактаби санъати бачагонаи №1 ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи якум, Фирдавс Сангинов донишҷўи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафурв сазовори ҷойи дуюм ва Шукрона Урунова муҳассили мактаби санъати бачагонаи №2 ба номи Боймуҳаммад Ниёзови шаҳри Хуҷанд сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд. Бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун барои ҳамкории самарабахш бо “Сипоснома”-и озмун тақдиронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки фестивал-озмуни “Русская песня” ҳамасола баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории он бедор намудани таваҷҷуҳи хонандагон ба забони русӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни Тоҷикистону Русия мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд