(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуҳтарам кормандони соҳаи таъминоти барқ!

Бо эҳтиром ва самимияти том Шумо - кормандони шабакаҳои барқтаъминкунӣ, собиқадорони соҳаи энергетика ва кулли алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ-Рӯзи энергетикҳо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод мегӯям. Ба ҳар яки Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, саодати зиндагӣ, дар фаъолияти пурмасъулиятатон баҳри таъмини эҳтиёҷоти мардум бо барқ барору комёбиҳои шоён орзу мекунам.

Энергетика заруртарин омили рушди истеҳсолот ва муҳимтарин воситаи суботи иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, ки бидуни он пешрафти ягон соҳаи хоҷагии халқ, беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ ва рузгори ободу осудаи мардумро тасаввур кардан амри маҳол аст.

Аз ин хотир масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, равшании ҳар хонадон, ободонию чароғонкунии шаҳру диёр, равнақи ҳамаи соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бағоят бузург аст.

Тоҷикистони азизамон бо дастгирӣ ва талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи фардои дурахшон устуворона қадам мегузорад ва итминони комил дорам, ки кормандону алоқамандони соҳаи ҳаётан муҳим бо дарки баланди масъулиятшиносӣ вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намуда, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд мебардоранд ва дар рушду пешрафти соҳа ҳиссаи арзанда гузошта, ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.

Дар ин рӯзи нек ба ҳар яки Шумо кулли алоқамандони соҳа саломатию сарбаландиҳо, барори кору рузгори обод ва дар меҳнати садоқатмандонаатон муваффақиятҳо хоҳонам.

Бигзор дар ҷодаи хизмат ба халқу Ватан бахту саодат ёрӣ ҳамешагиатон бошад.

Иди касбӣ муборак!