(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон бо Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқот анҷом дод.Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Алӣ Гасанов мулоқоти корӣ анҷом дод. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар суханрони худ бобати таҷрибаи бойи ҳамкорӣ ва дустию ҳамдигарфаҳмии кишварҳо, ки маҳз яке аз поягузорони ин сиёсати бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ёдоварӣ намуда, чанд нуктаҳои паёми имсолаи сарвари давлат ба Маҷлиси Олиро дар мавриди таҳкими робитаҳои ҳасана бо ширкатҳои инвестсионӣ бобати сармоягузорӣ ташкили корхонаҳои хурду миёна рушди соҳибкорӣ зикр намуд. Ташкили корхонаҳои муштараки коркарди меваю сабзавот, саноати сабук аз рукнҳои густариши ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо хоҳад буд. Холо шаҳрҳои Ганҷа ва Хуҷанд бародаршаҳр буда, имкони боз ҳам бештар намудани ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавҷуд аст. Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон пешниҳод намуд, ки доири ба имзо расидани ҳамкории илмию фарҳангии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва Донишгоҳи Давлатии шаҳри Ганҷа ҷонибҳо қадамҳои бештар гузошта шавад.
Таърих гувоҳи он аст, ки мардуми бофарҳанги ҳарду кишвар дар ҳаллӣ масалахои муҳим мавқеи муштарак доштанд ва имрӯз бо кӯшиши сарварони давлати ин ду ҷумҳурии бародар Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев он тақвият меёбад.
Мулоқот дар фазои дустона ва самимӣ ба анҷом расид.