(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҶиҳати шарҳу тавзеҳи Муроҷиатномаи ширкати “Барқи тоҷик” ба аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои тарғиботӣ пиёда шуда истодаанд. Аз ҷумла дар МТМУ №27-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва фаъолони маҳаллаи “Раззоқ” дар ин самт мулоқот баргузор гардид.

Дар вохўрӣ қайд гардид, ки агар ҳамагон неруи барқро сарфакорона истифода баранд, кафолати ба пуррагӣ гирифтани барқ таъмин карда мешавад. Зеро захираи оби барқистеҳсолмешуда дар Неругоҳи барқи обии “Норак” то мавсими гармо дар сурате басандагӣ мекунад, ки мо онро сарфакорона истифода барем.

Ширкати “Барқи Тоҷик” аз тамоми муштариёни нерӯи барқ хоҳиш намудааст, ки бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он сарфакорона ва мақсаднок истифода баранд. Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

Дар мулоқот зикр гардид, ки аз суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда шуд, ки: «Мо бояд ба маданияти истифода ва сарфакоронаи неруи барқу газ ва об эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо чунин маданияти энергетикиро дар мактабҳо аз синни хурдсолӣ тарғиб менамоянд».

Роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» дар робита ба ин муроҷиатнома дастурамале доир ба фарҳанги истифодаи барқ, душвориҳои истеҳсол ва интиқоли он ва хусусиятҳои низоми энергетикии мамлакат таҳия намудаанд, ки инро метавон дар дарсҳои кушоди мактабҳову донишгоҳҳои мамлакат истифода намуд. Зеро ин тадбир дар таҳкими дарку фарҳмиши хонандагон ва раванди ба меъёри муҳими ҳаёти ҷомеа табдил ёфтани фарҳанги сарфакорӣ, хусусан дар истифодаи неруи барқ барои имрӯз ва ояндагон судманд хоҳад буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд