(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ барпо гашт.Имрӯз дар ҷаласаи васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ,мудирони шуъбаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд, сарварони бозорҳо, имомони масоҷид ва раисони маҳаллаҳои маркази вилоят иштирок намуданд.
Дар кори Шӯро асосан масалаҳои рафти иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №253 «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», рафти иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 23 декабри соли 2013, №829 ва «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи шаҳрӣ оид ба таъмини бехатарӣ ва сӯхтор барои соли 2013-2017» мавриди муҳокима ва баррасӣ  сурат гирифт. Аз рӯи масалаи якум сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов баромад намуда, доири фаъолияти кормандон ва шуъбаи номбурда иттилоъ дод. Номбурда дар мавриди сатҳи ҳуқуқии шаҳрвандон ба хусус ноболиғон изҳори нигаронӣ намуда, аз раисони маҳаллаҳо даъват намуд, ки бо нозирони минтақавӣ ҳамкориро бештар намоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ танҳо давоми соли равон зиёда аз 300 маротиба кормандони масъули шуъбаи корҳои дохила байни сокинон бевосита ва тариқи расонаҳои иттилоотӣ баромад намуданд. Ҳамзамон вақтҳои охир яке аз омилҳои муҳими манфии паст будани маърифати ҳуқуқӣ ин бетарафии шаҳрвандон мушоҳида мешавад. Бетартибӣ дар бозорҳои шаҳр аз ҷониби фурӯшандагон, ташкили сабқати мошинронӣ байни ҷавонон аз ҳолатҳоянд, ки маҳз аз бетарафии шаҳрвандон ва волидайн сабаби пайдоишӣ чунин қонунвайронкунӣ шудааст.
Вобаста ба масалаи мазкур ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов, мудири бахши танзими расму анъана ва кор бо дин Мӯъминҷон Арипов пурсиш ба амал оварда бобати таҳкими робитаи шӯъбаҳои кор бо ҷавонон, бахши кор бо занон ва оила, муассисаҳои динӣ бо прокуратура ва дигар сохторҳои низомӣ дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикитстон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи Низомномаи фаъолияти масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ вазифагузорӣ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд таъкид намуд, ки мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як ниҳоди давлатӣ, шаҳрвандон ва масъулини соҳаҳо барои пешгирӣ намудани ҳама гунна ҳолатҳои ҷинояткорӣ заминаю шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда ба саҳланкорӣ роҳ надиҳанд.
Бо ин мақсад Раҷҷабой Аҳмадзода дастур дод то гурӯҳи кории махсуси Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуда, барои тарғибу баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ сокинон нақшаи кори махсус таҳия намуда корҳои мушаххасро ба анҷом расонад.
Аз рӯи масалаи дуюм бобати «Рафти иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 23 декабри соли 2013, №829 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи шаҳрӣ оид ба таъмини бехатарӣ ва сӯхтор барои соли 2013-2017» мегузарем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан барои маърӯза ба сардори қисми мустақили 23-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Шокиров  дода шуд.
Назар ба маълумоти роҳбари ин ниҳод, соли равон дар шаҳри Хуҷанд 24 ҳолати сӯхтор ба амал омада, хисороти молӣ бошад зиёда аз 86 ҳазор сомониро ташкил дод. Маҳз бо кӯмаку дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз барои фаъолияти самаранок, хадамоти оташнишонӣ бо тамоми таҷҳизоту воситаҳои зарурӣ таъмин гардидааст.
Раҷаббой Аҳмадзода доири таъсиси дидбонгоҳи сухторнишонӣ дар мавзеи «Панҷшанбе», ки ҳамрӯза ҳазорҳо нафар харидорон ва фурӯшандагон ба бозорҳои дар ин мавзеъ ҷойгиршуда меоянд, дастур дод.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Қурбоналӣ Мирзоев дар баромади худ бобати эътибор додан ба самтҳои мухталифи маърифати ҳуқукии шаҳрвандон сухан гуфт.
Бо вазифагузорӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ хотиа бахшид.