(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №3-и шаҳр бо иштироки сокинони маҳаллаи Масчиди Савр бо иштироки гуруҳи тарғиботчиёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба мақсаднок истифода бурдани неруъи барқ мулоқот баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар сохторҳои энергетикии мамлакат тамоми корҳои оғозгардидаи таъмир ва тадбирҳои назоративу профилактикӣ ба анҷом расонида шуданд ва аз 10 декабри соли 2020 сар карда, интиқоли нерӯи барқ дар кишвар пурра ҷорӣ гардид. Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ва махсусан, солҳои охир дар соҳаи энергетикаи кишвар таҳаввулоту дигаргуниҳои зиёд ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, дар натиҷаи таваҷҷуҳи хосса ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1», «Сангтӯда – 2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва даҳҳо нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, ба истифода супорида шуданд. Ҳоло дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида таҷдиду навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва “Сарбанд” амалӣ шуда истодааст. Ҳамаи ин имконият фароҳам овард, ки дар кишвар аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти интиқоли барқ пурра бардошта шавад. Бояд гуфт, ки мо эҳтиёҷоти кишварро то ба имрӯз танҳо бо нерӯи барқи истеҳсоли худӣ таъмин карда истодаем, ки ин, албатта, самараи татбиқи сиёсати энергетикии Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба истифодаи сарфакоронаву мақсаднок ва боинсофонаи нерӯи барқ баромадҳо намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба таври қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани исрофкорӣ сайъ намоянд. Ин иқдом бо мақсади мусоидат намудан ба таъмини саросарии кишвар бо нерӯи барқ аз ҳар киловатт – соати он роҳандозӣ гардидааст.

Бахусус, соли ҷорӣ, ки аз рӯи мушоҳидаву арзёбии мутахассисону коршиносон ҳаҷми захираҳои обиву энергетикии мо хеле маҳдуд буда, захираи барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019 –ум 44 фоиз кам мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд