(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд бо дастури роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятӣ пурзӯр карда шуд.

Дар ин амали хайр ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и назди кумиҷроияи шаҳрӣ, шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ҳиссаи арзанда мегузоранд. Бо ҷалби ин ниҳодҳо дар назди мағозаи “Оазис”, ки аз макони серодамтарини шаҳр маҳсуб меёбад, чорабинии фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Дар суханронии худ Наим Маликисломӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки коҳиш ёфтани сатҳи сирояёбӣ ҳанӯз маънои пурра аз байн рафтани бемориро надорад. Бояд шаҳрвандон пеш аз ҳама худ ва атрофиёнро эҳтиёт намоянд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки шаҳрвандон фориғболӣ ва беҳавсалагӣ нишон дода, зимни гаштугузор аз ниқобҳои ҳимоятӣ истифода намебаранд. Чунин бемасъулиятӣ фарҷоми хуб надорад.

Дар идомаи корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ба аҳолӣ ниқобҳо тақсим ва ҳамзамон варақаҳои роҳнамоӣ дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд